zoofirma.ru

Зуҳуроти хатарзо-терроризму ифротгароӣ маҳз ба наҳзату наҳзатиён мансуб буда, ҳар як аъзои он дар гирдоби фисқу фуҷур ва туҳмату буҳтонсозӣ кашида шудааст, ки ба нафрати умум ғарқ гардидаанд. Ташкилоти тундраву тундгарои наҳзатиён ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо матлаби ғаразнок шуғл дошта, ба мисли он ки каҷдум кини бад-неш задан дорад, аз одати бади худ даст намекашанд-ин наҳзатиҳои бадгуҳар.

Собиқ ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилофу ҷудоӣ меандозад.

Маҳз, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонӣ ва давлатро дар вазъи нобудӣ овард, ҳизби наҳзат буд. Инро вақт исбот кард. Ниҳоят соли 2015 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнӯъ намуд. Бо ақлу дидаи бедор медонем ва инро ҷомеаи муосири мо исбот сохт, ки ҳизби мамнӯи наҳзати ислом дар асл роҳ сӯи ифротгароӣ – тероризму экстремизмро дошта, бо кирдорҳояш шармандаву расво шуд. Бинед, кунун, ки дар Тоҷикистони озоду ободи мо дигар ба ин ҳизби хунхор касе эътибор надорад, наҳзатиҳо аз хориҷи кишвар-яъне ватангадо шуда, фаъолият-кору суханҳои иғвоангезонаи худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондаанд.

Сиёсисозии ислом танҳо барои афроди манфиатҷӯ баҳри расидан ба мақсадҳои худ лозим мебошад. Даст ба кирдорҳои зишт, ба монанди барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи муасаллаҳона миёни миллати худ, мезанад. Наҳзатиҳои кӯрнамаку беобрӯ ҳаракат мекунанд, ки ба амнияту суботи кишвари мо хатар эҷод намоянд. Аммо роҳи онҳо сарбаставу торик аст, оқибат ба нестӣ мераванд. Мо, оромии кишвари худро муқаддас медонем.

Умед Тошматов,
шаҳри Гулистон