zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастур ва раҳнамоиҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Сарбанд ҳашари умумишаҳрӣ сурат гирифт.

Дар ин иқдоми наҷиб  кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва мактаби варзишӣ иштирок намуданд. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ гирду атроф, кӯчаҳо, заҳбурҳо тоза карда шуда пояи дарахтон сафед карда шуд.