zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола 6-уми ноябр дар мамлакат Рӯзи Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Зеро 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонун)-и Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон  буда, бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии миллати кӯҳанбунёди тоҷикро заминагузорӣ кардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо шарофати қабули Қонуни асосӣ пояи Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардид ва заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳа барои солҳои минбаъда фароҳам оварда шуд.

Чи хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Конститутсия шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд ва дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид».

Конститутсияи  мо дар давраи ҳассоси таърихи мамлакат қабул гардида, халқи тамаддунпарвари тоҷикро ба  сулҳу суббот, созандагиву бунёдкорӣ равона сохт. Ин ҳама талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешқадами ҷаҳон шомил гашт.

Имсол ба қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту як сол пур шуд. Аз ин рӯ, ин рӯзро чун иди умумихалқии худ ботантана ҷашн мегирем ва бузургдошти онро ба ҷо меорем. Сарқонун барои ҳар яки мо бояд раҳнамои амалу рафтор ва кору рӯзгор бошад. эҳтирому риояи Конститутсия моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ мебарад.

Бигзор ин муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсии миллат қутбнамо, ифодагари манфиатҳои волои халқ ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!