zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кории назди Раиси шаҳр доир гардид. Дар он муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтории он, роҳбарони корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо, инчунин  масъулини соҳаи сохтмон иштирок намуданд.

Дар машварат масъалаҳои марбут ба ҷараёни ободкориву хуррамгардонии маркази шаҳр, даъвати наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва зери назорати доимӣ қарор додани иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба вилояти Суғд сухан ронда, зикр намуд, ки бояд масъулин дар иҷрои саривақтии супориҳои Пешвои муаззами миллат тамоми тадбирҳои заруриро   андешанд. Тазаккур дода шуд, ки ба истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр корҳои созандагиву бунёдсозӣ вусъати тоза гирифтаанд.

 

Соли равон дар шафати роҳи даромадгоҳи ғарбии шаҳр 20 адад паннои таблиғотӣ, дӯконҳои тиҷоратӣ, гулташт ва маҷмааи  “Тоҷикистон ба пеш!!!” ва мавзеи варзишию истироҳатӣ сохта шуданд, ки ҳусни шаҳрро бараъло намудор месозанд. Ҳамчунин, 6 истгоҳи замонавӣ сохта шуда, 6 бинои истиқоматии миёнаошёна таъмиру рангубор гардиданд. 12 бинои баландошёнаи истиқоматӣ чароғонкунии светиодӣ насб гардидааст, ки шаҳрро боз ҳам дилработар месозанд. Дар ин раванд беш аз ду ҳазор метр роҳравҳо сафолакпӯш гардиданд. Раиси шаҳр дар ин маврид аз масъулин талаб намуд, ки саҳми худро дар ободонии гирду атрофи роҳҳои протоколӣ гузоранд.

Дар машварат инчунин ба масъулини соҳаи саноат, молия, андоз, сармоягузорӣ, амволи давлатӣ, тандурустӣ, маориф, бахши ҷавонон ва варзиш, омор, шабакаҳои барқи шаҳр доир ба рушди соҳаҳои дахлдор вазифагузориҳои мушаххас карда шуд. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода инчунин ба сектори идеологӣ андешидани чораҳои судманд доир ба зери назорати ҷиддӣ қарор додани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии ҷинояткорӣ дар ҷомеа, зиракии сиёсиро аз даст надодан, мунтазам ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо, маҳфилҳо, таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, густариши корҳои ташвиқотӣ дар раванди пешгирии бемории сироятӣ дар кӯчаву маҳалҳои гирду атрофи шаҳр ва ҷамоату шаҳракҳо доир ба бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни сокинон супоришҳои мушаххас дод.