zoofirma.ru

Идона ба ашхоси ниёзманд15 нафар ашхоси ниёзманд ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадов дар арафаи ҷашни Конститутсия аз саховати Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода комгор гардидаанд.

Бо ҳидояти Раиси шаҳр масъулини шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба табақаҳои ниёзманд маводҳои ғизоиро дастрас ва ононро ба ифтихори Рӯзи Сарқонуни кишвар таҳният намуданд.