zoofirma.ru

Шӯрои кор бо ҷавононТавре маълум аст ҷавонону наврасон миёни аҳолии кишварамон нуфузи бузургро дороанду Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбудии рӯзгори онон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Қароре, ки таҳти №259, аз 7 октябри соли равон аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба тасвиб расида буд оид ба таъсиси Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр бахшида шудааст.

Таъкид гардидааст, ки Шӯрои номбурда фаъолияти хешро тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Низомномаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ роҳандозӣ намояд.