zoofirma.ru

Саноат: Дар даҳ моҳи тавлиди мол ба 910 млн сомонӣБино ба маълумоти оморӣ фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр дар даҳ моҳи соли равон хеле босамару назаррас буд. Дар ин фосилаи вақт кулли корхонаҳои тавлидоти саноатӣ сарфи назар аз моликияташон истеҳсоли маҳсулотро ба маблаги 910 миллиону 986,9 ҳазор сомонӣ ба роҳ монданд, ки ин ба 112, 2 дар сади дурнамои нақша баробар мебошад ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 99, 2 миллион сомонӣ зиёд моли саноативу ниёзи мардум истеҳсол карданд.

Аз ин миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда 683,7 миллион сомониаш ба Ширкати куҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой рост меояд, ҳамзамон дар рушди соҳа ба хусус корхонаҳои ҶДММ «Хубон» оид ба коркарди ғалла, нақшаи истеҳсолӣ 230,6 дар сад, ҶДММ «Чархи гандум» иҷрои нақша 149,6 дар сад, «Қолинҳои Суғд» оид ба тавлиди маҳсулоти қолинӣ иҷрои нақша 112, 3 дар сад саҳми муносиб гузоштанд.

Дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли равон дар ҳудуди шаҳри Қайроққум 6 корхонаи дигари саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 64 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Музди миёнаи маош низ дар соҳа феълан 1911 сомониро ташкил медиҳад, ки ин аз ҷумлаи нишондиҳандаи баландтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, сатҳи зиёдшавии музди маош нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 111 дар сад аст.