zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода якҷоя бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Маҳмадӣ Давлатов собиқадорони ҷангу меҳнатро, ки дар ақибгоҳ фидокорона хизмат кардаанд, аёдат намуданд.

Сараввал Волкова Раиса Ивановна сокини шаҳраки Сирдарё,  ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ барои Ғалаба хизмати шоён намудааст, ба аёдат фаро гирифта шуда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба ӯ туҳфаҳои пулӣ супорида шуд. Волкова Раиса Ивановна нисбат ба ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои муаззами миллат, давлату ҳукумати ҷумҳурӣ барои меҳрубониву дастгириҳои пайваста миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, ба хонаводаи иштирокчии фидокори меҳнати ақибгоҳ Саломат Болтаева, ки дирӯз дунёи фониро тарк кардааст ташриф оварда, изҳори тасаллият гуфтанд ва бахшида ба 76-солагии Рӯзи Ғалаба кумакҳои моддӣ аз ҷумла, туҳфаҳои пулии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба хонаводаи марҳум тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бахшида ба ҷашни бузурги музаффарият дар тӯйхонаи “Маниҷа”-и маркази шаҳр барои собиқадорон, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Чернобил ва сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.