zoofirma.ru

«Афкор»-и ТВС дар соҳили Баҳри ТоҷикБа хотири дӯстдорӣ ва ифтихор аз миллату давлат нафарони соҳибдил либоси миллӣ ба бар мекунанд. Дар ин раванд ҳини вохӯрӣ бо зиёиёну намояндагони аҳли илму адаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намуда буд:

«Имрӯз мову шумо бояд тавре меҳнат кунем, ки фардо бо сари баланд тавонем ба чашми фарзандон нигарем. Назди халқ ва таърих сарафканда набошем».

«Афкор»-и ТВС дар соҳили Баҳри Тоҷик

 

Эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги миллат ба хотири посдории рамзҳои давлатӣ аз тарзи пӯшидани либоси миллӣ сарчашма мегирад. Либоси зебои миллии тоҷикона касро боз ҳам зебою шукуфтарӯй нишон медиҳад, на шабеҳи он сатру ҳиҷобҳое, ки нафарони бемаърифат ба бар месозанд. Барои фарҳанги куҳани аҷдодони хирадсолори мо ин навъи либосҳо бегонаанд. Бо таъбири андешаҳои закиёнаи пирони рӯзгордида аснои ақидаронии дар ҳамоиш будагон гуфтаи «Хоҳӣ нашави расво ҳамранги ҷамоат бош» ба лавҳи хотир меомад.

«Афкор»-и ТВС дар соҳили Баҳри ТоҷикМаҳфили телевизионии «Афкор» бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки ҳама шаҳрвандони шаҳри Қайроққум буданд бо ташаббуси Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода санаи 11 ноябри соли равон дар фароғатгоҳи Бонки миллӣ ба вуқуъ пайваст. Ҳузурдоштагони чорабинӣ андешаҳои хешро доир ба либоси миллӣ ва раҳоӣ аз тақлиди бегонапарастӣ баён доштанд.

Намоиши барномаи «Афкор» рӯзҳои наздик тавассути шабакаи телевизионии вилояти Суғд (ТВС) ба тамошобинон пахш хоҳад шуд.

Дар ташкил ва гузаронидани барнома саҳми мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муслимахон Исоқова шоёни қайд аст.