zoofirma.ru

Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.

Бо ин мақсад дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Фестивали шаҳрии «Атласу адрас» баргузор гардид. Фестивал аз рӯи шартҳои беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси расмӣ ва рӯзмарра, беҳтарин либоси идона, инчунин бо дарназардошти намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ҷараён гирифт. Дар фестивал марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамзамон ҳунармандони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд. Барои “Беҳтарин либоси кӯдакона»: Ясмина Олимова, Сабрина Ғаниева, Меҳрнуш Бойматова, барои «Беҳтарин либоси расмӣ» Алмира Музафарова, Оминаи Комилҷон, Сарвиноз Абдуваҳҳобва, барои «Беҳтарин либоси арӯсу домод” Сабрина Носирова, Сайёра Ёқубова, Мавзуна Раҷабова ва барои «Беҳтарин либоси идона” Шукрона Мамаҷонова, Мубина Султонова, Насринисо Ваҳҳобова соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.