zoofirma.ru

Навидҳои варзишӣКарате-до

Дар толори якҳарбаи шарқии маркази шаҳр Чемпионати кушоди шаҳри Қайроққум оид ба карате-до годзю-рю баргузор гардид. Аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 даста ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд мақоми аввал ва дастаҳои ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Қайроққум ҷойҳои дуюму сеюмро ноил гардиданд.

Годзю-рю

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори МТМУ-и №23, ноҳияи Б.Ғафуров мусобиқа оид ба карате-до годзю-рю байни Лигаи касбии вилояти Суғд доир шуд. 6 дастаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар онҳо зиёда аз 170 нафар варзишгарон иштирок намуданд варзишгарони шаҳри мо ҷойи сеюмро соҳибӣ карданд. Сорбон Алиев, Муҳаммад Ҷалилов, Анӯшервони Ғуфрон, Комрон Насриддинов, Улуғбек Турсунов ва Моҳрӯ Усмонова дар пирӯзии даста саҳми калон гузоштанд.