zoofirma.ru

Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи июн Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук таҷлил карда мешавад. Бо самимияти афзун кормандони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаи саноати сабуки шаҳрро бо иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.

Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳими кишвар маҳсуб ёфта, дар ҳамаи давру замон рушди иқтисодиву иҷтимоиёти ҷомеа маҳз тавассути инкишофи соҳаи саноати сабук пиёда карда мешавад. Бо назардошти ин ки саҳми саноати сабук ва кормандони он дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Доираи фаъолияти касбҳои ин соҳа барои ташкили ҷойи нави корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад, мусоидат мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шуморида, пешниҳод намуданд: «Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Ҳамин тавр, баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат таҳия ва тасдиқ карда шуда, ҷиҳати амалигардонии онҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ин ҷода такони ҷиддие бахшидааст.

Шаҳри Гулистон шаҳри саноатӣ буда, барои густариш ва ривоҷи соҳаи саноати сабук тадбирҳои заруриро ба роҳ мондааст. Алҳол, дар ҳудуди шаҳр корхонаҳои ин соҳа, аз қабили ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, “Равшан”, ҶДММ Ростои Суғд”, “Сомончарм” “Чарми Хуҷанд” ва беш аз 118 нафар ҳунармандон фаъолияти густурда дошта, дар давоми панҷ моҳи сол равон ба маблағи 34,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Кормандони соҳаи саноати сабуки шаҳр бар он азманд, ки ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гиранд.

Бори дигар кормандони соҳаи саноати сабукро бо иди касбиашон муборакбод мегӯям ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда барояшон комёбиҳо таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак бошад!