zoofirma.ru

Истиқболи сазоворМуассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Қайроққум» бо ҳадафи сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ як қатор чорабиниҳои варзиширо роҳандозӣ намуд.

Волейбол

Чемпионати кушоди шаҳрӣ оид ба волейбол дар Кохи варзишии Истиқлол доир ва пирӯзӣ насиби дастаи коллеҷи тиббӣ гардид.

Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаи мактаби рақамҳои 1 ва 14 соҳибӣ карданд.

Футбол

Дар чемпионати шаҳрӣ доир ба ин навъи варзиш қариб 10 даста ширкат варзиданд. Мақоми аввалро дастаи «Имон-интернешнл» ва ҷойҳои минбаъда насиби дастаҳои «ШВКД»-и Қайроққум «Сомғор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуд.

Шӯҳрат Расулов аз дастаи «ШВКД» дарвозабони беҳтарин ва Шӯҳрат Ҳасанов аз дастаи «МВБН» ҳуҷумкунандаи беҳтарин дониста шуданд.

Бокс

Дар шаҳраки Чоруқдаррон мусобиқаи бокс байни наврасону ҷавонон баргузор гашт, ки дар он зиёда аз 50 нафар варзишгарон қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадр гардиданд.