zoofirma.ru

1 декабри соли 2015 вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова  бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ Каромат Қосимова баромад намуда, оид ба мақсаду мароми ҳизб, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии бевоситаи раиси ҲХДТ,

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон,  Барномаи пешазинтихоботии ҳизб,  баланд гардидани обрӯву нуфузи он ва зиёд шудани теъдоди  ҳизбиён дар соҳаи маориф сухан кард.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба 6 нафар пешқадамони соҳа шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.