zoofirma.ru

Дар доираи бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд санаи 29.09.2021 дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи “Саразми”-и шаҳри Панҷакент вохӯрӣ анҷом дод.

Лозим ба зикр аст, ки дидори мазкур бозии марказии давр ба ҳисоб мерафт. Дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот дар зинаҳои якум ва дуюм ҷой гирифта, барои қаҳрамонӣ бо тамоми қувва мубориза мебурданд. Бозигарони мизбон дар майдони худ дар назди мухлисон ҳунарнамоии ҷолиб нишон дода ба задани ду туб ба дарвзаи гулистониён мушарраф гардиданд. Бозигарони дастаи “Гулистон”, ки зинаҳои устуворро барои қаҳрамонӣ фароҳам овардаанд барои устувор нигоҳ доштани мақоми хеш дар ҷадвали мусобиқот кӯшиш намуда, ба задани ду туби ҷавобӣ даст ёфтанд.  Дар ҳайати дастаи “Гулистон” тубҳоро Ҷӯрабой Исоев ва Муҳсин Рустамзода ба ҳадаф расониданд. Бо ҳамин дидори дастаҳо мусовӣ 2-2 ба охир расид.

Пас аз анҷоми даври шонздаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо касби 41 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот боқӣ монд. “Саразм”-и шаҳри Панҷакент бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт ва дар ҳисоби худ як бозӣ камтар баргузор намудааст.

Бозии навбатии дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон 6-уми октябри соли ҷорӣ дар майдони худ бо дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен доир мегардад. Дар сурати ғалаба дар ин дидор дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон имкон пайдо менамояд, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқот ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд гардида, роҳи худро барои бозӣ дар Лигаи якуми кишвар ҳамвор намояд.