zoofirma.ru

Имруз 30.09.2021 дар толори хурди МИҲД-и шаҳри Гулистон иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд- Тоҷибой Султонзода иштирок ва баромад кард. Кори иҷлосияро Бахтиёр Саидаҳмадзода Раиси шаҳри Гулистон ҳусни оғоз бахшида, ба баррасии он ҳафт масъаларо пешниҳод намуд.

Доир ба масъалаи якум оид ба тасдиқи ваколатҳои вакилии вакилони навинтихобшуда, иттилло дода шуд, ки дар панҷ ҳавзаи интихоботи раванди интихобот ба талаботҳои қонунгузорӣ мувофиқ сурат гирифт. Дар натиҷа панҷ нафар вакилон аз ҳавзаҳои "Ҷавонӣ" №7-Зокирова Турсуной Шарифовна, "Сомонӣ" №9-Муҳаббатов Холназар Эргашевич, "Наврӯз" №22-Шамсов Фрайдин Мирзоевич, "Навобод" №24-Насриддинов Ассатулло Юнусалиевич ва "Маърифат №27"-Муҳаббатов Амир Муҳаммадшоевич вакил интихоб гардиданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, таҳти №79 Оиб ба рафти иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 муовини раиси шаҳр Оқилзода Ғайрат Аҳмад баромад намуда, қарори дахлдор қабул гардид.

Ҳамин тавр вобаста ба ҳар як масъалаҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ҷабул гардид.

Дар интиҳо раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода муҳимияти масъалаҳои баррасишударо бори дигар таъкид намуда, як қатор дастуру супоришҳоро вобаста ба дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонон манзури масъулон намуд.