zoofirma.ru

2 октябри соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд. Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни истеъмолии ниёзи аввалла бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ ба фурӯш гузошта шуданд.

Аз ҷумла нархи гӯшти гов-55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд-60 сомонӣ, нархи орди навъӣ якум 55-сомонӣ барои 10кг, нархи тухм 23 сомонӣ барои як баста, маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархи дастрас  барои фурӯш гузошта шуд.

Ҳамин тавр, маҳсулоти ниёзи аввала то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор ба фурӯш гузошта шуд. Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро хуб пазируфта, миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр иброз намуданд.