zoofirma.ru

Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. Фарзандони баруманди тоҷикистонӣ дар давоми хизмати ҳарбӣ ба маънии томи мафҳумҳои Ватану ватандорӣ, садоқату матонат, нангу номус ва шарафу виҷдон хеле амиқ расида, обу тоби ҷисмонӣ ва маънавӣ мегиранд.

Дар марҳилаи ҳозира таъминоти моддию техникии Артиши миллии Тоҷикистон ҷавобгӯи замони муосир мебошад.

Ватанро фарзандони солиму баркамолаш бузург мегардонанд. Мо ин ҳақиқатро хеле хуб дар зарфи сӣ соли Истиқлолият дарк намудаем. Халқи тоҷик дар таърихи ҳастии худ ҳеҷ вақт ба хоки бегона, мулки бегонае бо дидаи ғаразу ишғол нигоҳ накардааст. Гузаштагони сарбаланди мо ҳамон вақт даст ба силоҳ бурда душманро саркӯб кардаанд, ки агар дигарон ба мақсади тасарруф кардани обу хоки мо омада бошанд. Дар Осиёи Марказӣ, маҳз тоҷикон ба лашкариёни аҷнабӣ, аз ҷумла Искандари Мақдунӣ, арабҳо ва муғулҳо муқобилияти шадид нишон додаанд. Фидокориву сарбозии қаҳрамонони халқи тоҷик ба мисли Спитамен, Вардонхудот, Fӯрак, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва дигарон дар роҳи озодӣ ва муҳофизати нангу номуси Ватан-модар, миллату давлат намунаи ибрат ва мояи ифтихормандӣ гардидааст.

Сипас, модари даъватшаванда Муаззамахон Шарифхоҷаева ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Бунёд Ахмедов суханронӣ намуданд.