zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанӯз, 22-юми июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиносии мо равона гашта,  аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо мурури замон, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловагиҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5-уми октябри соли 2009  қабул гардид.  Ва инак, ҳар сол  санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, 647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ба тасвиб расид, ки дар оянда низ барои густариш, ҳифз ва нигоҳдории аслият ва покии забон нақши бориз хоҳад дошт.

Ҳамчунин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав омода гардида, аз 30-юми июни соли 2021, №268 ба тасвиб расид ва ба баҳсҳои зиёди имлоӣ нуқта гузошт.

Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чӣ дар гузашта ва чӣ дар рӯзҳои мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонии худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон - давлати Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хосса дошт. Боз як нуқта ҷолиби зикр аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён дар тӯли чандин аср сарфи назар аз он ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик буд, забони тоҷикӣ бо вуҷуди кашмакашҳои хунун давр мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт. Яъне, дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон, аз қабили Ғазнавиён, Сулҷуқиён, Чингизиён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигоҳдорӣ тавассути забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Воситаи асосии муносибати байниҳамдигарии мардуми Осиёи Миёна дар тӯли асрҳо забони тоҷикӣ будааст. Таърих гувоҳ аст, ки амирони туркнаҷоди сулолаи манғит, аз ҷумла амири охирини ин сулола Амир Олимхон худро тоҷик гуфта, ба равнақи забони тоҷикӣ мусоидат кардаанд. Онҳо фарзандони худро ба забони тоҷикӣ таълим медоданд.

Боиси ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои муаззами миллат сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рӯз аз рӯз ободу зеботар мегардад ва аз ин рӯ мавқеи байналхалқии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барӯмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем. Вобаста ба ин, Истиқлолияти давлатӣ, забон, модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди халқҳо мебошанд, ки моро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.

Бо самимият ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиву пирӯзиҳо таманно менамоям.