zoofirma.ru

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистони дӯст Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон муваффақиятҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистон орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардумони Тоҷикистону Узбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт.

Пешвои миллат ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ҷумҳурии Узбекистон комёбӣ хостанд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.