zoofirma.ru

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намоянд.

Ҳамчунин дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти меҳмонхона ва кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд.