zoofirma.ru

Қайроққум: Тавлиди маҳсулот ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидБори нахуст корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар маҷмӯъ, сарфи назар аз моликияташон, дар замони соҳибистиқлолӣ тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва моли ниёзи мардумро фақат дар 11 моҳи сипаришудаи соли равон ба 1 миллиарду 17 миллиону 605,4 ҳазор сомонӣ расонид.

Тавре Фазлиддин Орифов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошт, расидан ба чунин натиҷа кори саҳл набуд ва шароити иқтисодӣ аз роҳбарони кулли корхонаҳо тақозо дошт, ки дар баробари афзоиш бахшидани истеҳсолот ба сифати маҳсулот, ворид кардани технологияи баланди муосир, омӯзиши бозори ҷаҳонӣ ва ҳаҷми содироти мол таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Нишондиҳандаи феълии истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014  131 миллиону 430,8 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Маврид ба зикр мебошад, ки аз теъдоди кулли 29 корхонаҳои саноатии шаҳр ду корхона: ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ба қадри 74,4 дар сад ва ҶМ ТКММ «Апрелевка» 12,2 дар сади ин маҳсулоти истеҳсолшударо таъмин карда, суръати афзоишро  муваффақ гаштанд.