zoofirma.ru

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 тибқи ҷадвали баргузории маҷлиси фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода маҷлиси фаъолони шаҳрро ҳусни оғоз бахшид. Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 175,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 105,9 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 9,7 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 45,5 миллион сомонӣ буда, 48,0 миллион сомонӣ ё 105,5 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақшаи пешбинишуда 2,5 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳ ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 144,2 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 1 миллиарду 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 23,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нуҳмоҳа корхонаҳои саноатии шаҳр бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошта, маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 155,0 миллион долларро ташкил дод. Маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 26,1 миллион доллар баробар шуда, фарқияти содирот аз воридот 5,9 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ гардиши савдои хориҷӣ маблағи 181,2 миллион долларро ташкил додааст.

Дар давоми нуҳ моҳ ба “Неругоҳи барқии обии Қайроққум” барои корҳои таҷдиду барқарорсозӣ 2,5 миллион сомонӣ ва ба “ҶДММ Ширкати кӯҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой” барои таъмиру азнавсозӣ 51,2 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Ҳамагӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 53,7 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12524 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 434 (соли гузашта 12090) ҷой зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 11114 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 794 нафар зиёд гардидааст.

Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна ба ҳолати 1-уми октябр соли 2021-ум, 1216 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2322 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои мушаххасро ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида иншоотҳои ҷашнӣ 221 иншоот ба маблағи зиёда аз 350 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сипас, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз нозироти андоз, бахши саноат ва энергетика, Шабакаҳои барқи шаҳри Гулистон, комиссариати ҳарбӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, Маркази санитарӣ-эпидимиологӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо доир ба фаъолияташон пурсишҳо ба амал оварда, доир ба пешбурди соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.