zoofirma.ru

Дар МТМУ № 14 ба номи Нурилло Ҳувайдуллоев бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 91-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимии «Корвони маънавиёт» баргузор гардид. Дар ибтидо сарвари маҳфил Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва аъзои 9 зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.

Иштирокчиёни маҳфил дар дарсҳои кушоди омӯзгорони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Мавҷуда Атаева (аз фанни математика), Зулайхо Мамадҷонова (аз фанни забони тоҷикӣ), Шоҳида Холиқова (аз фанни адабиёт) ва Баргигул Мамадназарбекова (аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иштирок намуданд. Дар фарҷоми тадрис дар атрофи дастовардҳои омӯзгорон ва паҳлӯҳои дарсҳои кушод мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.

Дар бахши «Имкон»-и маҳфил мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ Муҳаммадҷон Файзуллоев иттилооот дод. Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум Муҳаммадҷон Файзуллоев дар мавзӯи «То тавонӣ ҳеҷ касро бад магӯй..» баромад карда, дар боби мақоми шахсият, одамият, ахлоқи ҳамида ва монанди ин суханронӣ намуда, арзиш ва мақоми таълиму тарбияро дар мактаб аз вазифаҳои муҳимтарин арзёбӣ кард.

Дар бахши «Муроот» сарвари МТМУ № 14 Муяссара Раҳимова ва дигар омӯзгорони муассиса суханронӣ намуда, роҷеъ ба ширкат ва дастуруҳои ҷолиби эшон барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълиму тадрис изҳори миннатдорӣ баён карданд.