zoofirma.ru

Санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бозии мавқуфгузоштаи худро дар даври 18-уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд “ММФ Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуд.

Дар бозии мазкур КФ "Гулистон", ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқот ғолиби мусобиқот гардида буд бо дастаи "ММФ Парвоз" дидор намуд.

Дар қисми аввали бозӣ ҳисоби бозӣ 4-2 ба фоидаи дастаи “Гулистон” ба анҷом расид. Дар қисми дуюми бозӣ бозигарони гулистонӣ ду туби беҷавоб ба дарвозаи меҳмонон ворид намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 6:2 ба фоидаи соҳибони майдон ба охир расид ва дастаи "Гулистон" бо 47 имтиёз расман пас аз интиҳои мусобиқот қаҳрамонӣ Лигаи дуюми минтақаи Суғд дар соли 2021 гардида, Ҷоми мусобиқаро аз худ намуд.

Тубҳоро дар ин дидор аз ҳайати дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон Салоҳиддин Одиназода 4 маротиба ва Ҳумоюн Азимов 1 маротиба ва Музаффар Бобоҷонов сарвони даста 1 маротиба ба ҳадаф расониданд. Аз ҳайати дастаи "ММФ Парвоз” ҳар ду тубро Алишер полвонов ба самар расонид. Суҳроб Сабуров аз ҳайати дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон беҳтарин бозингари дидор дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон  соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии ин бозиҳоро соҳибгардида барои ба даст овардани роҳхат ба Лигаи якум дар бозиҳои интихобӣ иштирок менамояд.