zoofirma.ru

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо фаъолон, мудирони шуъбаю бахш, сарварони иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ҷаласа доир намуд. Дар машварат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-«Пешвои миллат» мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт. Пешниҳоди ин унвони фахрӣ ба Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пазироии гарму самимона ва ҳамовозии гарму ҷӯшон аз ҷониби мардуми шарифи шаҳри Қайроққум пазируфта шуд.

-Миллатро сарҷамъ кард, зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро шинохт, барои ноил гардидан ба зиндагии шоистаи мардум чоряк аср заҳмат кашид. Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи сарваронест, ки ба шодиву ғами халқ шарик ва маҳбубияти хосаро соҳиб шуд. Давлатдории  миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ва симои ин сиёсатмадори шинохтаро ҷаҳониён шинохтанд, - дар ҷараёни баромад изҳор дошт Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум.

Дар таърихи навини сиёсии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон натанҳо чун роҳбари шинохташудаи давлатии халқи тоҷик, балки кайҳо чун пешвои ҳақиқии миллат ташаккул ёфта, муаррифӣ гардидааст.

Ҷиҳати дарёфти роҳи саҳеҳи баровардани ормонҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ бо истеъдоди баланди кишвардорӣ пойгоҳи лоиқ дар мақоми арҷманде насибаш гашт.

Имрӯз оламиён аз мавқегирӣ ва равишҳои усулии сиёсати Сарвари тоҷикон пазироӣ ва истиқболи гарм доранд. Пешниҳоду баромадҳои ӯро дар бонуфузтарин минбарҳо сарварони кишварҳои хурду бузург бо эътимоду эътиқоду ихлос эътироф менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон Пешвои ҳақиқии миллат аст. Хизмату заҳматҳои ин фарди худодод барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати бебозгашт, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надоранд.

Иштирокдорони ҳамоиши шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» аз фарҳанги давлатдорӣ ва диловарию садоқати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, ҷонибдории хешро якдилона баён доштанд.