zoofirma.ru

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.

Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.

Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, давоми  як сол пурра ва бо сифати баланд сохта шуд.

Бинои нави мактаб асосан барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ   гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттиллоотӣ, математика, забони русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.

Ин иқдоми созандаро соҳибкори ватандӯст Сайидмуҳриддин Сайфов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Барои амали нек — бунёди чунин мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.

Корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо тарҳи зебову муосир анҷом додаанд.

Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи  босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи иншооти низ бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст.

Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ сохта шудааст.

Китобхонаи мактаб низ барҳаво сохта шуда, фонди умумии китобҳо  13 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 10 ҳазору 500 ададаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда асарҳоро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.