zoofirma.ru

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ доир ба гиромидошти Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ баргузор гардид.

Дар конфренсия Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Муҳрулло Иноятов, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Он гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем”.

Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.