zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилю комуналӣ, бахши фарҳанг, соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, мактаби варзишӣ, коллеҷи тиббӣ, шабакаҳои барқии Суғд ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар ҳудуди шаҳр аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шурӯъ намуда, то НБО “Қайроққум” гузаронида шуд.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 350 нафар иштирок намуданд. Ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатиро аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо тоза намуданд.

Чунин ҳашарҳо дар ҷамоати шаҳракҳо низ ба роҳ монда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.