zoofirma.ru

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо шахсони ниёзманд, ятимон, барҷомондагон ва собиқадорон ба ғамхорву дастгирӣ фаро гирифта мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва собиқадорон ба беш аз 500 нафар кумакҳои яквақтинаи молиявӣ расонид.

Аз ҷумла ба ин муносибат дар тарабхонаи “Манижа” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои 160 нафар ятимон дастархони солинавӣ ороста шуд.

 

Ҳамчунин, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ятимони кулл вохӯрӣ доир намуда, ба 60 нафар ятимон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Бахтиёр Саидаҳмадзода зимни суханони табрикотии худ, таъкид намуд, ки ҳар як ятим таҳти ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат қарор дорад ва мо намегузорем, ки ҳеч яке аз онҳо эҳсоси танҳоӣ намоянд.

Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ низ ба шахсони ниёзманд кумаҳои моддии яквақтаина расонида шуд.