zoofirma.ru

Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов, собиқадорони меҳнат Каромат Маҳмудова, Ғайбулло Зайниддинов ва Рима Беляеваро аёдат намуд.

Аснои суҳбати самимӣ бо собиқадорон роҳбари вилоят таъкид кард, ки меҳнати фидокоронаи пирони рузгор ҳамеша қадр шуда, фаъолияти бенуқсони онҳо мактаби бузург барои тарбияи насли ҷавон аст.

Раиси вилоят фарорасии Соли нави мелодиро ба собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо табрик гуфта, барояшон тӯҳфаҳои идона супорид.

Собиқадорон аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд