zoofirma.ru

Имруз 17 январи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо доир гардид.

Дар машварати корӣ масъалаҳои рафти кор дар корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис ва ташкили корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ишора ба суръати корҳо дар корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис карда, ба муовини якуми раиси шаҳр, мудири бахши саноат ва энергетика  ва роҳбарони корхонаҳои мазкур дастур дод, ки барои тезонидани корҳо чораҷуй намоянд.

Дар маҷлис ба масъулини бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи заминсозии шаҳр супориш дода шуд, ки вобаста ба пешниҳоди харитаи навбатдорӣ, инвентаризатсияи заминҳои минтақаи саноатӣ ва фароғатии шаҳр, инчунин пешниҳоди фонди манзил тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ишора ба иншоотҳои навбунёди кудакистони “Бобуна”, биноҳои КИ ҲХДТ ва МТИ, раванди барқароркунии боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик”  карда, қайд намуд, ки масъулини соҳаҳо барои пурра бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда корбарӣ намоянд.

Дар маҷлис масъалаи пурзур намудани эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардида, масъулони соҳаҳо дастурҳои мушаххас гирифтанд.