zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санаҳои 13-14уми январи соли 2021 вохӯрии гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ  бо иштироки Исломҷон Раҳимов номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Нодир Турсунзода хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва тарғиботчиёни маҳаллӣ Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси  шаҳр ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Чунин вохӯрӣ дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон низ доир гардид.   Тағиботчиёни Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

 

Ҳамчунин, афзуда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳукумати кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дод. Зеро бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Дар соҳаи фарҳанг низ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ба рӯйхати фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани “Фалак” гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз аз ҷумла кишвари Афғонистон ва таҳдиди хатарҳои терроризму экстремизм ба минтақа ёдоварӣ гардида, доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, рӯй овардан ба омӯзиши илму дониш, забономӯзӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ тавсияҳо дода шуд.

Дар мулоқот нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки мову Шуморо зарур аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва сармашқи кори худ қарор диҳем.

Чунин мулоқотҳо дар ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳои тибқи нақша идома дорад.