zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон 22 январи соли 2022 ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии оммавӣ муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ, коллеҷи тиббӣ, шабакаҳои барқии Суғд, ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 500 нафар иштирок намуданд. Ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатиро аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо тоза намуданд.

Чунин ҳашарҳо дар ҷамоати шаҳракҳо низ ба роҳ монда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.