zoofirma.ru

Имрӯз дар толори корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон маросими муарифии директори генералии корхонаи мазкур сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо коргарони корхонаи муштарак иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” таъин карда шуд.

Зикр гардид, ки Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз кадрҳои лаёқатманд буда, ба ҳайси раиси шаҳри Гулистон дар пешрафти шаҳр саҳми худро гузоштааст.

 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки номбурда дар калонтарин корхонаи саноатии вилоят низ пурсамар фаъолият бурда, бо истифода аз таҷрибаи роҳбарӣ дар пешбурди кор саҳмгузорӣ хоҳад кард.

Раиси вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона, дарёфти манбаъҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти корхона супоришҳо дода, изҳор дошт, ки кормандони корхона барои татбиқи ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар аз имкониятҳои мавҷуда самаранок бояд истифода баранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд