04 Феврал 2022
Дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории мавзеъҳои сайёҳӣ, тозаву озода намудани соҳилҳо имруз 4 феврали соли 2022 аксияи тозагии соҳил ва тозагии маҳал гузаронида шуд. Дар аксияи тозагии соҳил кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ҳифзи муҳити зист, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо теъдоди беш аз 500 нафар фаъолона иштирок намуданд.
Дар раванди баргузории аксияи тозагии соҳил ва тозагии маҳал аз назди Неругоҳи барқӣ обии “Қайроққум” то Маркази таълимии “Бонки миллӣ” шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи осоишгоҳҳо ва соҳили “Баҳри тоҷик” аз партовҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон ва махсусан соҳили “Баҳри тоҷик” яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад ва ҳамасола теъдоди зиёди меҳмонони дохиливу хориҷӣ барои дидани он меоянд. Баргузории аксияи тозагии соҳил ва тозагии маҳал имкон медиҳад, ки ҳусну таровати минтақаи истироҳатӣ ва соҳили “Баҳри тоҷик” дилработар гардида, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконият фароҳам меорад.