zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он, кабудизоркунӣ, тозаву озодакунии гирду атроф ва шафати роҳи асосӣ корҳои ободониву сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр дар мавзеи гулгаштҳои истироҳатӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамчунин рангубори девораҳои муҳофизатӣ ва сафедкунии танаи дарахтон аз ҷониби масъулин анҷом дода шуд.

Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр нақша доранд, ки ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва зебову хуррам гардонидани он пайваста корҳои сабкориву озодагардониро баргузор намоянд.

Шаҳри Гулистон, ки шаҳри сайёҳиву саноатӣ ва дорои иқтидорҳои бузург дар ин соҳа мебошад таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳонро ба сӯйи худ мекашад ва ҳамарӯза меҳмонону сайёҳон ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” омаду рафт доранд. Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии шаҳр дар ин раванд таъсири мусбате хоҳад гузошт.