zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он пайваста аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ ва баровардани партовҳо гузаронида мешавад.

Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ҳамарӯза партовгоҳҳои ҳудуди шаҳрро аз партовҳо тоза менамоянд.

Ҳамчунин, санаи 15.02.2022 масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозакуниро ба роҳ монданд. Дар раванди корҳои тозакунӣ гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ аз хасу хошок ва дигар партовҳо тозаву озода гардонида шуданд.

Масъулин дар ин раванд мунтазам корбарӣ намуда истодаанд.