zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи комиссияи даъватии вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 27 декабри соли 2021, №604 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022” баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, аъзои комиссияи даъватӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишњои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надињем. Аз ин рў, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ ќарор додаанд.

Ҳамчунин, афзуда шуд, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидааст. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизамон зиндагии осуда доранд. Хидмат ба халқу Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст. Ҳамасола шаҳри Гулистон яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро менамояд, ки ин аз ватандӯстии сокинони он гувоҳӣ медиҳад. Барои саривақт ба иҷро расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ имсола низ масъулинро лозим аст, ки тадбирҳои зарурӣ андешида, барои ҷалби даъватшавандагон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монанд.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуд. Сипас, раиси Комиссияи даъвати шаҳр Нуринисо Комилзода ва комиссари камисариати ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода оид ба вазъи иҷрои қарори Раиси вилоят аз 27 декабри соли 2021, №604 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022” ва қарори Раиси шаҳр аз 28-уми декабри соли 2021 таҳти рақами 318 гузориш доданд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо мақсади дар муҳлати муайянгардида таъмин намудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.