16 Феврал 2022
Санаи 16.02.2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи артиши миллӣ дар қисми низомии 45025 маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” дар байни афсарону сарбозон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар маҳфили илмӣ адабӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Аҳлиддин Тоҷиддинов, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр М.Усмонов ва намояндагони Мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо кӯшишу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар вазъияти басо душвор Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Боиси қайд аст, ки халқи тоҷик аз қадим ватандӯст, меҳанпараст, содиқ ва ҳомии марзу буми худ буданд. Аз замони таъсиси ин ниҳод ҷавонмардони ватандӯст ва бо нангу ори кишвар ба сафи он шомил шуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватан сарбаландон хизмат намуданд.
Дар воқеъ Артиши миллӣ кафили Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдату ягонагӣ мебошад. Маҳз пойдории кишвар ба артиши устувори он вобастагии амиқ дорад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидааст. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизамон зиндагии осуда доранд. Хидмат ба халқу Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст.
Ҳамзамон, дар охир сарбозон фикру андешаҳои худро доир ба муҳимияти вохурии мазкур ба ҳозирин баён доштанд. Қобили қайд аст, ки ҳадаф аз вохурии мазкур бедор кардани ҳисси Ватандӯсти дар замири афсарону сарбозон маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом ба сарбозони фаъол туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.