17 Феврал 2022
Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 2-юми феврали соли 2022, №71-6/13 тф дар ҳудуди вилоят санаи 17 феврали соли 2022 баргуории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Ҳифзи Ватан – қарзи шаҳрвандии мост” ба нақша гирифта шуда буд ва дар ин замина нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тасвиб расид.
Дар асоси нақшаҳои таҳиягардида дар мактаби санъати шаҳри Гулистон бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ бо намояндагии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Муҳаммад Шарипов устоди Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Наимҷон Шарифов сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Соли ҷорӣ аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-сол пур мешавад. Маълум аст, ки ин ниҳод дар замони мушкил таъсис ёфта, то ба имрӯз вазифаҳои бар дӯш доштаашро комилан иҷро карда истодааст. Ҷавонмардони Ватан ба сафи он ҳамроҳ гардида, марзу буми ниёгони худро ҳифз мекунанд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар вохӯрӣ доир ба пайдоиш, шароит ва вазъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар карда шуд.