zoofirma.ru

17 феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо ҷалби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои дахлдори мақомоти марказию маҳаллии шаҳри Гулистон аз паскучаҳои шаҳр боздид ба миён овард. Ҳангоми боздид аз кучаҳои Суғдиён ва Исмоили Сомонӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, барои ба тартиб даровардани ин қисмати шаҳр, ки аслан бо номи “Роҳи боло” маъмул аст, ба масъулон дастурҳои қатъӣ дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим махсусан аз фаъолияти раисони маҳаллаҳо изҳори нигарони намуда, барои ҷалб намудани сокинон ба корҳои ободонию тозагии атрофи хонаҳои баландошиёна дастурҳои мушаххас доданд.

 

Ба роҳбарияти КВД “ХМК” ва бахши ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки бо иситифода аз фурсат барои шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороиши ва гулу буттаҳо дар сари роҳҳо дар муҳлатҳои кутоҳтарин чораҷуй намоянд.

Инчунин аз биноҳои фарсуда ва бекорхобидаи роҳи болозикр изҳори нигаронӣ карда шуда, ба бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки фавран маълумоти дақиқро дар бораи ба ки таалуқ доштани онҳо ба унвони раиси шаҳр пешниҳод намояд.

Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои фавран бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда, нақша чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмин созанд.