zoofirma.ru

Санаи 18.02.2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 45025 рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оила Ойинисо Раҳматова, намояндагони шуъбаи маориф Эмомалӣ Бобоев ва Фирӯз Ғаниев, намояндагони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, комиссариати ҳарбии шаҳр ва намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар рӯзи дарҳои кушод ҷавонон аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” ва хонандагони синфҳои 9,10 ва 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр аз шароит ва вазъи хидмати сарбозони қисми ҳарбӣ шинос гардиданд. Дар рафти вохӯрӣ миёни хонандагон ва сарбозон чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор карда шуд.

Аз ҷониби иштирокдорон барои сарбозон нону шириниҳо ва меваҷот тақдим карда шуд.

Шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр азм доранд, ки минбаъд низ бо ҷавонону хонандагон мунтазам аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намоянд.