zoofirma.ru

Шаҳраки Чоруқдаррон дар масофаи 33км дуртар аз маркази шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, дорои аҳамият ва манфиатҳои бузурги саноатӣ мебошад. Аз давраи таъсисёбии шаҳрак ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод ” пойгоҳи асосиаш ба ҳисоб мерафт. Ҳудуди шаҳрак 145га заминро дар бар гирифта, қисмати зиёди онро иншоотҳои ба корхонаи болозикр таалуқдошта дар бар мегирад.

18 феврали соли 2022 Ҳошимзода Раъно Ҳошим-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон барои шиносои ба вазъӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчуни бохабар шудан аз шароити зисти аҳолии маҳал ба шаҳраки Чоруқдаррон ташриф овард.

 

Ҳошимзода Раъно Ҳошим нахуст барои шиносои аз фаъолияти коргоҳи истеҳсолии сангреза ва реги босифати ҶДММ “Фаровон 1” ташриф оварда, бо роҳбарияти ин коргоҳ ва коргарон суҳбат доир намуд. Роҳбари истеҳсолоти коргоҳи мазкур иттилло дод, ки иқтидори истеҳсолии корхона ба 65 ҳазор куб дар як сол баробар буда, дар он 25 нафар коргарон ба таври доимӣ фаъолият доранд. Коргоҳ ҳамчун сохтори таркибии ҶДММ “Фаровон 1” дар рушди иҷтисодии корхона мавҷей хоса дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр аз мавқей ҷойгиршавии коргоҳ баҳои мусбӣ дода ишора ба он намуд, ки дар ин минтақа муамои об, барқ, дурии роҳ вуҷуд надорад. Дар баробари ин корхона аз шаҳрак дар масофаи наздик ҷойгир шудааст ва бо қувваи арзони корӣ таъмин аст. Бинобар ин роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҷойҳои корӣ, фановарии технологӣ ва ҳамкории зич бо ташкилотҳои сохтмонӣ корбарӣ намоянд. Дар навбати худ барои васеъ намудани истеҳсолот чораҷуй намуда, аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаҷониба истифода намояд. Раиси ҷамоати шаҳрак Бердиева Н. муваззаф карда шуд, ки бо корхона робитаи зич барқаррор намуда, барои ҷалби онҳо дар корҳои ободонӣ чораҷуй намояд.

Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ ба самти ҶСК “КФНЛ” раҳсипор шуд ва дар даромадгоҳ директори корхона Сулаймонова Б. меҳмононро пешвоз гирифт. Пас аз шиносои бо сехҳои фулузгудози, хокаи алюмений ва сехи кимиёвии истеҳсоли ферротитан иброз намуд, ки бо дастгирии муассисони ширкати “Днепроэнергостал” фаъолияти истеҳсолии сехҳои мазкур роҳандози шуда, 37 нафар коргарон бо ҷой кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамзамон ишора карда шуд, ки корхона имкон пайдо намуд, ки як миқдор пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва андозро низ супорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим аз ҳолати корхона изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳудуди корхона хеле калон буда, дорои иншоотҳои зиёд мебошад. Истифодаи самараноки иншооту таҷҳизотҳои корхона метавонанд дар як муддати кӯтоҳ вазъӣ корхонаро беҳтар гардонанд. Ишора бар он карда шуд, ки дар солҳои рушди соҳаи саноат мо бояд аз ин иҷтидорҳо ҳамаҷониба истифода намоем. Ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки барои осон ба фуруш баровардани маҳсулоти истеҳсоли бояд бозори соҳаи кишоварзии вилоят омухта шавад. Зеро имруз аксари таҷҳизотҳои зарурии ин соҳа аз хориҷ ворид карда мешаванд. Шумо имкон доред, ки бо нархҳои дастрас маҳсулоти худро пешниҳод намоед.

Пас аз шиносои бо фаъолияти беморхона ва маркази саломатии шаҳрак ба роҳбарияти муассисаҳо ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дода шуд, ки барои фаъолияти самараноки муассиса тадбирҳои судманд андешида шавад. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим махсусан аз норасоии кадрӣ алалхусус фаъолият накардани таваллудхона ва дар ҳолати баъд қарор доштани нақлиёти ёрии таъҷилӣ изҳори нигаронӣ намуд. Барои бартараф кардани камбудиҳо ба масъулон мӯҳлат дода шуд.

Бо роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳрак дар толори Ҷамоати шаҳрак машварати кори доир гардида, ба масъулони соҳаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Пас аз машварат Ҳошимзода Раъно Ҳошим собиқадорони меҳнатро айёдат намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти кишвар маводҳои озуқаворӣ тақдим намуд.