22 Феврал 2022
Дар толори мактаби санъати маркази шаҳри Гулистон санаи 22.02.2022 тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм ва иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд подполковники милитсия Аҳадҷон Абдуллозода ва корманди шуъбаи мазкур майори милитсия Ҷамшед Ҳайдарзода иштирок доштанд.
Муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода вохӯриро ифтитоҳ намуда зикр кард, ки 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон дойр ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Дар заминаи Стратегияи мазкур дар шаҳри Гулистон қарори Раиси шаҳр аз 18-уми ноябри соли 2021, таҳти №287 ва нақшаи амал оид ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Гулистон ба тасвиб расида мавриди корбарӣ қарор дорад.
Сипас, муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд подполковники милитсия Аҳадҷон Абдуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири маорифи шаҳр Нурмуҳаммад Мирзозода ва Муҳаммадҷон Усмонов сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр суханронӣ намуданд.