zoofirma.ru

Дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода гулистониёнро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони басо мушкил ва замони душвори таърихӣ бо кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, борҳо озмоишҳои сахту сангин ва марњилањои душворро паси сар намудаст.

Маҳз корномаву ҷоннисориҳои хизматчиёни Артиши миллии кишвар аст, ки зимни ироаи яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус иброз доштанд, ки: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд”.

Маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат бо раҳнамоиву ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар канори омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир аҳамияти махсус равона намуда истодааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз рукнҳои асосии давлат ва ба як ниҳоди ҳимоятгари марзу буми Ватани аҷдодӣ мубаддал гардида, хизматчиёни ҳарбӣ барои таъмини амнияти миллӣ, садоқат ба Ватани маҳбуб, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ сарбаландона заҳмат кашида истодаанд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба ҳомиёни шуҷоатманди Ватан ва собиқадорони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертии идонаро ба иштирокчиёни ҷамъомад манзур намуданд.