zoofirma.ru

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Беморхонаи марказии шаҳр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи беморхона ва шарту шароити табобатгирандагон дидан намуд.

Дар рафти боздид иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр аз вазъ ва сатҳи хизматрасониҳои шуъбаҳои қабул, мадҳушкунӣ ва эҳё, ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози занона ва шуъбаи кӯдакона шиносоӣ пайдо намуд. Раъно Ҳошимзода ба шарту шароит, вазъи санитарӣ, сатҳи хизматрасонӣ, таҷҳизоти мавҷуда ва фаъолияти Беморхона баҳои баланд дод. Зимни шиносоӣ аз ҳолу аҳволи табобатгирандагон дидан карда шуд.

Ба роҳбарияти Беморхона барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва дастрас намудани ҳамагуна таҷҳизоти лозима дастуру сопиришҳо дода шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар фарҷом аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба як нафар тифли навзод, ки имрӯз тавлид шудааст туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.