zoofirma.ru

Назаре ба таърихи ташкилёбии ин корхона нишон медиҳад, ки он аз зумраи корхонаҳои муқтадири қолинбофии даврони Шуравӣ ба ҳисоб рафта, бо қарори Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Косиген А.Н. дар охири солҳои 50-уми қарни гузашта таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии корхона мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ 117 гектарро дар бар гирифта, 76 дарсади онро иншоотҳои истеҳсоли ташкил медиҳанд. Ҳануз дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ аз Олмону Голандия, Англия ва Япония ворид карда шуда, васлу насб гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба мавҷудияту нигоҳдории иқтидорҳои истеҳсолии корхона эътибори хоса дода шуда, маҳсулотҳои қолинияш дар намоишномаҳои бузурги хориҷи кишвар ба марази тамошо гузошта шудааст. Ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби ташкилотҳои муқтадири ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шудааст. Корхона соли 1996 дар Копенгаген сазовори “Глобуси тиллои”, соли 1999 дар Париж сазовори “Аркаи Аврупо”, соли 2000 дар Брюсел сазовори “Ситораи платинии сифат” ва дигар навъӣ мукофотҳо гардидааст.

24 феврали соли 2022 бо мақсади шиносои бо вазъӣ феълии корхона Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ташриф овард. Ҳангоми боздид аз сехҳои истеҳсолӣ, анборҳо ва дигар иншоотҳои корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти корхона як қатор дастуру супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки ба фаъолияти истеҳсолии корхона аз ҷониби роҳбарияти кишвар эътибори хоса дода мешавад. Маҳз ҳамин аст, ки намояндагони сатҳи баланд дар ҳар як ташриф аз ин корхона дидан менамоянд. Якчанд маротиба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ин корхона дидан намудаанд ва бевосита барои баланд бардоштани истеҳсолот ва сифати маҳсулот дастур доданд. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар самти дучанд ва сечанд эҳсос намудани масъулият корбарӣ намоем.

Доир ба истифодаи васеи иқтидорҳои истеҳсолии корхона қайд карда шуд, ки суръати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои барои истеҳсоли маҳсулотҳои тафтенгӣ пешбинишуда тезонида шавад.

Ҳамзамон ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки барои ба кор андохтани иншоотҳои бекорхобида тадбирҳои судманд андешида шавад.