zoofirma.ru

Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр санаи 24-уми феврали соли 2022 тибқи нақшаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи модар ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони  «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр, Санавбар Нуриллоева муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр, Шарифа Отаҷонова корманди КИ ҲХДТ дар шаҳр ва Маҳина Муҳаммедзода мудири бахши САҲШ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Албатта нақши бонувон дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишварамон назарраст аст. Аслан зан-модар бо қалби меҳрубони худ офарандаи сулҳ аст. Ҳеҷ як модар нооромиву ноосоиштагиро хоҳон нест. Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ бонувон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ барои баланд бардоштани мавқеи занону бонувон таваҷҷуҳи хоса доранд.