zoofirma.ru

Дар арафаи Соли нави мелодӣ сарвари осоишгоҳи «Баҳористон» Абдураҳмон Абдуҷабборов ба кӯдакистони «Офтобак» ташриф овард.

«Офтобак» яке аз беҳтарин боғчаи бачагонаест, ки қариб 200 нафар кӯдакон дар он ҷо бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Сарвари осоишгоҳ бо кӯдакон вохӯрда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим дошта, хотири онҳоро шод намуд. Инчунин ба маблағи 12 ҳазору 500 сомонӣ лавозимоти арзанда, ки барои таъминоти боғча зарур ҳастанд, ба боғчаи мазкур супурда шуд.

Ӯ ваъда дод, ки минбаъд сарпарастии боғчаи мазкурро ба ӯҳда гирифта, тез-тез аз он ҷо хабар мегирад ва дар иду айём онҳоро бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ менамояд.